Khawaja Mirof & Khawaja Mir

Ayah by Ayah

Tags

Download Links

Khawaja Mirof & Khawaja Mir translation for Surah An-Nur — Ayah 59

24:59
وَإِذَا بَلَغَ ٱلۡأَطۡفَٰلُ مِنكُمُ ٱلۡحُلُمَ فَلۡيَسۡتَـٔۡذِنُواْ كَمَا ٱسۡتَـٔۡذَنَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمۡ ءَايَٰتِهِۦۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ ٥٩
Ва чун кӯдакони шумо ба синни балоғат расиданд дар ҳамаи вақтҳо барои даромадан ба маконе, ки падару модар дар он ҷо истироҳат мекунанд, бояд монанди касоне, ки зикрашон гузашт (яъне мисли ба балоғатрасидагон), рухсат талабанд. Аллоҳ таъоло оёт ва аҳкоми шариъати Худро инчунин равшан ва содда барои шумо баён мекунад. Ва Аллоҳ донову ҳаким аст дар қонунгузорӣ барои бандагонаш!