Khawaja Mirof & Khawaja Mir

Ayah by Ayah

Tags

Download Links

Khawaja Mirof & Khawaja Mir translation for Surah Al-Ahzab — Ayah 22

33:22
وَلَمَّا رَءَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلۡأَحۡزَابَ قَالُواْ هَٰذَا مَا وَعَدَنَا ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥ وَصَدَقَ ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥۚ وَمَا زَادَهُمۡ إِلَّآ إِيمَٰنٗا وَتَسۡلِيمٗا ٢٢
Ва чун мӯъминон он гурӯҳҳоро диданд, ки атрофи Мадинаро иҳота кардаанд, ба ёд оварданд[2045], ки нусрати Аллоҳ наздик аст, гуфтанд: Ин ҳамон чизест, ки Аллоҳ ва Паёмбараш ба мо ваъда додааст; аз имтиҳон ва меҳнат ва нусрат, рост гуфтаанд ва ин ба онон ҷуз ба имон ва таслимашон наяфзуд. Яъне имонашон ба Аллоҳ ва амалашон ба фармудаҳои Ӯ зиёд гашт .1
Footnotes
  • [1] Ояти 214 сураи Бақараро ба ёд оварданд. (Эй мӯъминон, оё гумон кардед, ки вориди биҳишт шавед, ҳол он ки ҳанӯз он чи ба мӯъминоне, ки пеш аз шумо буданд, омад ва барои шумо наёмадааст? (Ба монанди камбағалӣ, касалӣ, тарс ва бим.) Онҳо дучори сахтӣ ва зиён шуданд ва парешон гаштанд, то он ҷо ки Паёмбар ва мӯъминони ҳамроҳи ӯ буда аз барои тез омадани ёрии Парвардигор мегуфтанд: “Ёрии Аллоҳ кай хоҳад расид”. Огоҳ бошед, ки ёрии Аллоҳ наздик аст) Тафсири Табарӣ 20\236
  • [2] Ояти 214 сураи Бақараро ба ёд оварданд. (Эй мӯъминон, оё гумон кардед, ки вориди биҳишт шавед, ҳол он ки ҳанӯз он чи ба мӯъминоне, ки пеш аз шумо буданд, омад ва барои шумо наёмадааст? (Ба монанди камбағалӣ, касалӣ, тарс ва бим.) Онҳо дучори сахтӣ ва зиён шуданд ва парешон гаштанд, то он ҷо ки Паёмбар ва мӯъминони ҳамроҳи ӯ буда аз барои тез омадани ёрии Парвардигор мегуфтанд: “Ёрии Аллоҳ кай хоҳад расид”. Огоҳ бошед, ки ёрии Аллоҳ наздик аст) Тафсири Табарӣ 20\236