Khawaja Mirof & Khawaja Mir

Ayah by Ayah

Tags

Download Links

Khawaja Mirof & Khawaja Mir translation for Surah Al-Ahzab — Ayah 53

33:53
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَدۡخُلُواْ بُيُوتَ ٱلنَّبِيِّ إِلَّآ أَن يُؤۡذَنَ لَكُمۡ إِلَىٰ طَعَامٍ غَيۡرَ نَٰظِرِينَ إِنَىٰهُ وَلَٰكِنۡ إِذَا دُعِيتُمۡ فَٱدۡخُلُواْ فَإِذَا طَعِمۡتُمۡ فَٱنتَشِرُواْ وَلَا مُسۡتَـٔۡنِسِينَ لِحَدِيثٍۚ إِنَّ ذَٰلِكُمۡ كَانَ يُؤۡذِي ٱلنَّبِيَّ فَيَسۡتَحۡيِۦ مِنكُمۡۖ وَٱللَّهُ لَا يَسۡتَحۡيِۦ مِنَ ٱلۡحَقِّۚ وَإِذَا سَأَلۡتُمُوهُنَّ مَتَٰعٗا فَسۡـَٔلُوهُنَّ مِن وَرَآءِ حِجَابٖۚ ذَٰلِكُمۡ أَطۡهَرُ لِقُلُوبِكُمۡ وَقُلُوبِهِنَّۚ وَمَا كَانَ لَكُمۡ أَن تُؤۡذُواْ رَسُولَ ٱللَّهِ وَلَآ أَن تَنكِحُوٓاْ أَزۡوَٰجَهُۥ مِنۢ بَعۡدِهِۦٓ أَبَدًاۚ إِنَّ ذَٰلِكُمۡ كَانَ عِندَ ٱللَّهِ عَظِيمًا ٥٣
Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед ва амал ба шариъати Паёмбараш кардаед, ба хонаҳои паёмбар дохил машавед, магар шуморо ба хӯрдани таъоме фаро хонанд, бе он ки мунтазир биншинед[2073], то таъом ҳозир шавад. Агар шуморо даъват карданд, дохил шавед ва чун таъом хӯрдед, пас аз хӯрдани таъом пароканда гардед. На он ки дар он ҷо барои гуфтугӯ нишинед. Албатта, ин корҳо Паёмбарро озор медиҳад ва ӯ аз шумо шарм медорад аз гуфтане, ки "хезед ва биравед", бо вуҷуде ки ҳақ ба ҷониби ӯст. Вале Аллоҳ аз гуфтани ҳақ ва изҳори он шарм намедорад. Ва агар аз занони Паёмбар чизе пурсидан хостед, аз пушти парда пурсед, ин кор ҳам барои дилҳои шумо ва ҳам барои дилҳои онҳо покдорандатар аст. Шуморо насазад, ки Паёмбари Аллоҳро биёзоред ва на он ки ҳамсарҳояшро баъд аз вай ҳаргиз ба занӣ гиред. Албатта, ин корҳо дар назди Аллоҳ гуноҳи бузурге аст.[2074]1
Footnotes
  • [1]

    Яъне, пеш аз таъом омода шудан даромада, то омода шудани он мунтазир нашавед

    [2074]Чунки ҳамсарони Паёмбар дар дунё ва охират ҳамсарони ӯ ҳастанд ва ҳамчунин онҳо модарони мӯъминон ҳастанд. Тафсири Табарӣ 20\316

  • [2]

    Яъне, пеш аз таъом омода шудан даромада, то омода шудани он мунтазир нашавед

    [2074]Чунки ҳамсарони Паёмбар дар дунё ва охират ҳамсарони ӯ ҳастанд ва ҳамчунин онҳо модарони мӯъминон ҳастанд. Тафсири Табарӣ 20\316