Khawaja Mirof & Khawaja Mir

Ayah by Ayah

Tags

Download Links

Khawaja Mirof & Khawaja Mir translation for Surah Al-Ahzab — Ayah 6

33:6
ٱلنَّبِيُّ أَوۡلَىٰ بِٱلۡمُؤۡمِنِينَ مِنۡ أَنفُسِهِمۡۖ وَأَزۡوَٰجُهُۥٓ أُمَّهَٰتُهُمۡۗ وَأُوْلُواْ ٱلۡأَرۡحَامِ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلَىٰ بِبَعۡضٖ فِي كِتَٰبِ ٱللَّهِ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُهَٰجِرِينَ إِلَّآ أَن تَفۡعَلُوٓاْ إِلَىٰٓ أَوۡلِيَآئِكُم مَّعۡرُوفٗاۚ كَانَ ذَٰلِكَ فِي ٱلۡكِتَٰبِ مَسۡطُورٗا ٦
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам нисбат ба мӯъминон дар умури дину дунё аз худашон авлотар ва сазовортар аст ва ҳурмати занони ӯ ба монанди ҳурмати модарони мӯъминон ҳастанд, пас баъди вафоти Расули Аллоҳ никоҳ кардани занонаш раво нест ва дар китоби Аллоҳ хешовандони насабӣ дар мерос бурдан аз мӯъминону муҳоҷирон ба якдигар сазовортаранд[2031], магар он, ки бихоҳед ба яке аз дӯстони худ некӣ кунед ва саҳме аз моли худро ба онон бидиҳед. Ин ҳукм дар китоби Аллоҳ дар Лавҳул Маҳфуз навишта шудааст[2032].1
Footnotes
  • [1]

    Дар ибтидои Ислом мусалмонон бо василаи ҳиҷрат ва имон мерос мебурданд на хешовандон. Баъд аз он ин кор ба ояти мерос мансух шуд.

    [2032]. Ин оят,далолат бар воҷиб будани он мекунад; ки муқаддам доштани муҳаббати Расули Аллоҳ бар муҳаббати банда аз ҷонаш ва низ пурра таслим шудан дар тоъати Ӯ ва низ иззату эҳтиром доштани модарони мӯъминонро, яъне, ҳамсарони Расули Аллоҳ саллалоҳу алайҳи ва саллам. Касе онҳоро дашном дод, ба дурустӣ ба ҳалокӣ дучор гашт. Тафсири Табарӣ20\210