Khawaja Mirof & Khawaja Mir

Ayah by Ayah

Tags

Download Links

Khawaja Mirof & Khawaja Mir translation for Surah Az-Zumar — Ayah 38

39:38
وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۚ قُلۡ أَفَرَءَيۡتُم مَّا تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ إِنۡ أَرَادَنِيَ ٱللَّهُ بِضُرٍّ هَلۡ هُنَّ كَٰشِفَٰتُ ضُرِّهِۦٓ أَوۡ أَرَادَنِي بِرَحۡمَةٍ هَلۡ هُنَّ مُمۡسِكَٰتُ رَحۡمَتِهِۦۚ قُلۡ حَسۡبِيَ ٱللَّهُۖ عَلَيۡهِ يَتَوَكَّلُ ٱلۡمُتَوَكِّلُونَ ٣٨
Агар аз он мушриконе, ки ғайри Аллоҳро парастиш мекунанд, бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» ҳатман, хоҳанд гуфт: «Аллоҳи якто» Бигӯ: «Пас, онҳоеро, ки ғайри Ӯ мепарастед, чӣ гуна мебинед? Агар Аллоҳи якто бихоҳад ба ман ранҷе бирасонад, оё инҳо метавонанд он ранҷро дафъ кунанд? Ё агар бихоҳад ба ман раҳмате арзонӣ дорад, метавонанд он раҳматро аз ман боздоранд?» Ҳатман бигӯянд, ки наметавонанд. Бигӯ барояшон: «Аллоҳ дар ҷалби манфиат ва дафъи зиёну машаққат барои ман басанда аст . Таваккалкунандагон ба Ӯ таваккал мекунанд».