Khawaja Mirof & Khawaja Mir

Ayah by Ayah

Tags

Download Links

Khawaja Mirof & Khawaja Mir translation for Surah Az-Zumar — Ayah 6

39:6
خَلَقَكُم مِّن نَّفۡسٖ وَٰحِدَةٖ ثُمَّ جَعَلَ مِنۡهَا زَوۡجَهَا وَأَنزَلَ لَكُم مِّنَ ٱلۡأَنۡعَٰمِ ثَمَٰنِيَةَ أَزۡوَٰجٖۚ يَخۡلُقُكُمۡ فِي بُطُونِ أُمَّهَٰتِكُمۡ خَلۡقٗا مِّنۢ بَعۡدِ خَلۡقٖ فِي ظُلُمَٰتٖ ثَلَٰثٖۚ ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمۡ لَهُ ٱلۡمُلۡكُۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ فَأَنَّىٰ تُصۡرَفُونَ ٦
Эй мардум, шуморо аз як тан биёфарид, ки ӯ Одам аст. Ва аз он як тан занашро Ҳавворо офарид. Ва бароятон аз чорпоён ҳашт ҷуфт биёфарид: (нару мода аз шутур, гов, гӯсфанд ва буз). Шуморо дар шиками модаронатон дар чанд марҳала[2267]дар даруни торикиҳои сегона[2268] офариниш бахшид. Ин Аллоҳи якто,ки ҳама ин чизҳоро биёфарид, Парвардигори ҳақиқӣ ва маъбуди шумост. Фармонравоӣ дар дунёву охират аз они Ӯст. Аллоҳе барҳақ ҷуз Ӯ нест. Пас, чӣ гуна аз ибодати Вай ба сӯи парастиши дигарон баргардонда мешавед?[2269]1
Footnotes
  • [1]

    Дар марҳалаи аввал онро ба шакли нутфа, сипас ба хуни баста, сипас ба гӯштпора, сипас дар ӯ устухон меофаринад ва онгоҳ бар устухонҳо гӯшт мепӯшонад.

    [2268]Торикии шикам, торикии раҳм ва торикии бачадон

    [2269]Тафсири ибни Касир 7\87

  • [2]

    Дар марҳалаи аввал онро ба шакли нутфа, сипас ба хуни баста, сипас ба гӯштпора, сипас дар ӯ устухон меофаринад ва онгоҳ бар устухонҳо гӯшт мепӯшонад.

    [2268]Торикии шикам, торикии раҳм ва торикии бачадон

    [2269]Тафсири ибни Касир 7\87