Khawaja Mirof & Khawaja Mir

Ayah by Ayah

Tags

Download Links

Khawaja Mirof & Khawaja Mir translation for Surah Ghafir — Ayah 67

40:67
هُوَ ٱلَّذِي خَلَقَكُم مِّن تُرَابٖ ثُمَّ مِن نُّطۡفَةٖ ثُمَّ مِنۡ عَلَقَةٖ ثُمَّ يُخۡرِجُكُمۡ طِفۡلٗا ثُمَّ لِتَبۡلُغُوٓاْ أَشُدَّكُمۡ ثُمَّ لِتَكُونُواْ شُيُوخٗاۚ وَمِنكُم مَّن يُتَوَفَّىٰ مِن قَبۡلُۖ وَلِتَبۡلُغُوٓاْ أَجَلٗا مُّسَمّٗى وَلَعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ ٦٧
Ӯст, он Аллоҳе, ки падари шумо (Одам алайҳиссалом)-ро аз хок офарид, сипас шуморо ба қудраташ аз нутфаи манӣ ба вуҷуд овард, сипас шуморо дар раҳми модарон аз хуни баста биёфаридааст. Он гоҳ шуморо, дар ҳоле, ки тифли навзоде будед, аз раҳми модар берун овард, сипас калон мешавед, то ба синни ҷавонӣ бирасед, сипас зиндагӣ мекунед, то баъд аз он пир мешавед. Баъзе аз миёни шумо касе аст, ки пеш аз пирӣ бимирад ва ба баъзе аз шумо мӯҳлат медиҳад то ба аҷали муъайян бирасед ва бошад, ки далелҳои Аллоҳро ба ақл дарёбед ва дар оёти Ӯ биандешед ва бидонед, ки инҳо, ҳама аз амр, тақдир ва тадбири Ӯ содир мешаванд, пас бояд, ки ба ҷуз Ӯ касе дигарро парастиш карда нашавад.[2355]1
Footnotes
  • [1] Тафсири Табарӣ 21\412
  • [2] Тафсири Табарӣ 21\412